Фурудгоҳи «Санкт-Петербург – Пулково» – аз ҷиҳати ҷараёни мусофирон дар Россия ҷои чорумро ишғол менамояд. Он понздаҳ километр дур аз маркази пойтахти шимолӣ мавқеъ гирифта, дар шаҳр бандари ягонае мебошад, ки рейсҳои ҳам мунтазамӣ ва ҳам хусусиро пешкаш менамояд. Дар ин ҷо ду хати парвозу фурудоӣ вуҷуд доранд, ки андозаи онҳо қабул кардани тамоми намудҳои киштиҳои ҳавопаймоӣ, минҷумла ҳавопаймоҳои вазнини боркаш ва киштиҳои ҳавопаймоии калони мусофиркашро имконият медиҳад.

Муддати як сол, фурудгоҳи Пулково рейсҳои байналмилалӣ ва дохилиро пешниҳод намуда, тахминан ба 19 миллион мусофирон хизмат мерасонад. Дар ин ҷо авиатсияи хусусӣ фаъолона кор мекунад, бинобар ин ҳавопаймои шахсиро дар ҳар лаҳза фармоиш дода метавонед: шуморо зарур аст ба ширкати чартерии AVIAV TM (Cofrance SARL) муроҷиат намуда, парвози индивидуалиро дар хатсайри зарурӣ брон кунед.

Барои мусофирони VIP терминали алоҳидаи – «Пулково — 3» пешбинӣ карда шудааст. Ин далел барои сайёҳони статуси баланде, ки нисбати худ ҷалб намудани диққатро хоҳиш надоранд, махсусан қулай мебошад. Ҳамчунин, барои ҳайатҳои ҳукуматӣ шоҳроҳи алоҳида барпо дода шудааст, ки тариқи он ба назди бинои аэровокзал наздик шудан қулай аст, зеро ҳаракати оммавӣ дар ин ҷо амалӣ карда намешавад.

РЕЙСИ ХУСУСИРО АЗ ПУЛКОВО ЧӢ ГУНА ФАРМОИШ БОЯД ДОД

Ҷиҳати фармоиш додани ҳавопаймои хусусӣ бевосита ба фурудгоҳи Пулково муроҷиат кардан лозим нест. Бронкунии онлайн тавассути маркази байналмилалии авиатсияи тиҷоратии AVIAV TM (Cofrance SARL) амалӣ карда мешавад ва дархостро рост дар сомонаи мазкур гузоштан мумкин. Барои чартери индивидуалӣ маълумоти зерин зарур мешавад:

  • хатсайр бо нишон додани фурудгоҳи омад,
  • санаи саёҳат (дар вуҷуди зарурият санаи рейси бозгаштро низ нишон диҳед),
  • вақти бароятон қулайи парвоз,
  • шумораи мусофирон якҷоя бо кӯдакон,
  • нақшаҳои эҳтимолӣ барои бо худ интиқол додани ҳайвоноти хонагӣ,
  • маълумот дар бораи бағоҷ (вазн, андоза),
  • хоҳишҳо нисбати нишеман,
  • кадом хизматрасонии иловагӣ зарур мебошад,
  • тамосҳо.

Маълумоти мазкурро дар сомона гузошта, ё бо менеҷери AVIAV TM (Cofrance SARL) ҳар тариқи бароятон қулай тамос карда метавонед, то ки ба саволҳои рағбатдоштаатон якбора ҷавобҳоро гиред ва нархи парвозро, ки ба таври индивидуалӣ ҳисобида мешавад, маълум кунед.

Ба мо савол диҳед

Маслиҳати ройгон

Ба мо ҳар савол доданро изо накашед!
Шакли зеринро пур кунед ва менеҷери мо дар вақти наздиктарин ҷавоб медиҳад!
Мо бо мақсади ба Шумо расонидани кӯмак дар ин ҷо қарор дорем.

СЕРВИСИ ИЛОВАГӢ

Барои парвози тиҷоратӣ ба сифати нуқтаи фирист фурудгоҳи Пулковоро интихоб намуда, ҷустуҷӯи сомонаи расмӣ ва ҷадвали омаду парвоз барои шумо лозим намешавад. Ҳавопаймо дар вақте бароятон қулай парвоз карда, рейси бевоситаро дар хатсайри нишондодашуда иҷро менамояд. Барои иҷрои парвоз дар хатсайри марбута мутахассисони салоҳиятдори AVIAV TM (Cofrance SARL) иҷозат гирифта, дар зимни ин ташкили пурраи саёҳатро ба ӯҳда мегиранд:

    • пешниҳоди трансфер то / аз фурудгоҳ,
    • брон кардани отел,
    • тартиб додани ҳуҷҷатҳо, раводидҳо, суғуртаҳо,
    • хӯрок аз тарабхона,
    • вақтхушӣ дар канор,
    • зимни парвоз гузаронидани чорабиниҳои тиҷоратӣ ва идона,
    • интихоби индивидуалии киштии ҳавоӣ,
    • муҳофизони шахсӣ ва мушоиати коршиносони зарурӣ,
    • консерж-сервис дар шаҳри таъиншуда.

Фақат хизматрасонии бароятон зарурбударо номбар кунед ва оромона ба саёҳат омода шавед. Менеҷери шаахсии парвоз аз AVIAV TM (Cofrance SARL) дар бораи ҳама тафсилотҳо ташвиш мекашад ва корбарӣ менамояд. Дар соати муқарраргардида дар фурудгоҳи Пулково шуморо автомобил ё лимузин интизор мешаванд. Сомонаи расмӣ дар бораи рейсҳои хусусӣ маълумот намедиҳад ва маҳфиятдории садфоиза кафолат дода мешавад.

Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) як чанд намуди парвозҳои шахсиро ташкил мекунад, аксаран – чартерҳои пӯшидаро тибқи фармоиши индивидуалӣ, яъне дар вақте, ки як ё чанд мусофири статуси баланд ё гурӯҳи хурди кормандони як ширкат парвоз мекунанд.

Ҳамчунин, мо нисбати эфинити-чартерҳо хизматрасонӣ менамоем – яъне сафарҳои гурӯҳҳои мусофиронеро, ки тибқи майлу рағбатҳои гуногун: варзишӣ, зиёратӣ, фестивалӣ аз ҷониби як ширкат ё клуб фармоиш дода мешаванд, ташкил менамоем.

ВАҚТ ВА БЕХАТАРӢ

Дақиқии садфоиза – боз як сабаби интихоб кардани фурудгоҳи тиҷоратии Пулково мебошад. Омаду рафти ҳавопаймоҳои авиатсияи хусусӣ ҷиддан дар вақти муқарраршуда амалӣ карда мешаванд. Ин далел барои шахсони тиҷораткоре, ки барояшон дермонию андармонӣ мумкин нест, хело муҳим мебошад.

Бо тезӣ гузаштани расмиятҳо дар фурудгоҳ вақти шуморо назаррас сарфа менамояд. Азназаргузаронӣ ва санҷиши ҳуҷҷатҳо барои ҳамаи мусофирон пеш аз саворшавӣ танҳо чанд дақиқаро талаб мекунад. Шоҳроҳи алоҳида ва трансфер аз AVIAV TM (Cofrance SARL) ба фурудгоҳ фавран ҳозир шуданро кафолат медиҳад.

Аҳамияти махсус ба ҳимояи парвозҳо дода мешавад. AVIAV TM (Cofrance SARL) аъзои ташкилотҳои зерин мебошад:

  • ARGUS International, ширкате, ки санчишҳои аудитории бисёрсатҳиро мегузаронанд,
  • Wyvern Ltd. – сектори асосии байналмилалӣ доир ба таъминоти бехатарии парвозҳо,
  • EBAA, NBAA – ассотсиатсияҳои тиҷоратии пешсафи авиатсионӣ.

Кулли маҷмаъаи Пулково бо системаҳои муосири бехатарӣ таҷҳизонида шудааст. Фурудгоҳ ба таври шабонарӯзӣ муҳофизат карда мешавад, мусофирон аз муоинаи ҷиддӣ мегузаранд, садҳо камераҳои мушоҳидавӣ мунтазам кор мекунанд.

ДАР БОРАИ МО

    1. Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) дар бозори авиатсияии тиҷоратӣ аз соли 2007 кор мекунад. Мо на фақат бо иҷораи ҷетҳои тиҷоратӣ ва ташкили рейсҳои хусусӣ, балки бо хариду фурӯш, сохтмон ва тюнинги киштиҳои ҳавопаймоӣ машғул мебошем. «Кофранс САРЛ» менеҷменти ҳавопаймоҳоро ба роҳ монда, идораи ҳаматарафаи ҳар як парвозро таъмин менамояд.
    2. Мо бо фурудгоҳҳои пешсаф дар тамоми континентҳо ҳамкорӣ менамоем ва аз ин сабаб омода ҳастем, ки барои амалиётҳои парвозу фурудоӣ ва таваққуфи ҳавопаймоҳо ба мизоҷони хеш бандарҳои оптималии ҳавоиро пешкаш намоем.
    3. Дар ихтиёри мо база иборат аз 150 ҳазор ҳавопаймоҳои хусусӣ ва чархболҳо, минҷумла, киштиҳои ҳавоии авиатсияи хурд қарор дорад. Мизоҷон имконият доранд, ки навъи истеҳсолкунандагони маъруфи ҷаҳонӣ: Gulfstream, Beechcraft, Bombardier, Cessna, Sukhoi Superjet,Pilatus, Embraer, Fokker, Dassault Aviation ва бисёри дигарро интихоб намоянд.

    Мо ба таври шабонарӯзӣ кор мекунем ва рейсҳои мусофиркаш, боркаш, санитариро ба шаҳри лозимии ҷаҳон пешкаш менамоем. Фурудгоҳи Пулково статуси байналмилалиро дорад, яхне ин аз ин ҷо ба ҳар гӯшаю канори сайёра сафар кардан мумкин. Дархостро дар сомона гузоред ва мо парвози тиҷоратиро «аз ибтидо то интиҳо» ташкил мекунем.

Дар бораи мо

Хабарҳо

Аз ахборот ва маколаҳои охирини AVIAV TM (COFRANCE SARL) бехабар намонед