Интиқоли ҳавоии борҳо аз фурудгоҳи Пулково

Путешествия бизнес авиацией

Интиқоли ҳавоии борҳо – яке аз самтҳои асосии фаъолияти маркази байналмилалии авиатсионии AVIAV TM (Cofrance SARL) маҳсуб меёбад. Агар шумо дар Санкт-Петербург истиқомат мекунед, пас ба сифати нуқтаи фирист интихоби фурудгоҳи Пулково хубтару мақсаднок дониста мешавад. Ҷадвали рейсҳои ҳавопаймоҳои боркашро дар сомонаи ширкати ҳавопаймоии интихобгардида муайян кардан мумкин.

 

Ба инобат бояд гирифт, ки фурудгоҳи Пулково дар навбати аввал мусофиркаш мебошад, бинобарин дар ин ҷо ҳамагӣ се ширкатҳои ҳавопаймоӣ бо интиқоли мунтазами борҳо машғул мебошанд, минҷумла: Кorean Air Сargo, «Псковавиа» ва «РусЛайн». Ҷуғрофии хатсайрҳо низ маҳдуд мебошад ва шаҳрҳои: Лейпсиг, Хелсинки, Волгоград, Вена, Сеул ва Гетеборгро дарбар мегирад.

 

Аммо, дар баробари ин, борҳои хурдро тариқи рейси одатии мусофиркашӣ фиристондан мумкин, ё ин ки бо чунин мақсад ҳавопаймои хусусиро тавассути AVIAV TM (Cofrance SARL) ба иҷора гирифтан лозим. Ҳамин тавр – интиқоли ҳавопаймоӣ дар Санкт-Петербург – ин хизматрасонии дастрасу талаботдор мебошад ва амвол, мол, ҳуҷҷатҳо ва ҳ.-ро ба ҳар гӯшаю канори ҷаҳон бурдн мумкин.

Фармоиши таъҷилии интиқоли ҳавоии борҳо

 

Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) интиқоли ҳавоиро ба таври «аз ибтидо то интиҳо» ташкил менамояд ва нуқтаи фирист – ин фурудгоҳи Пулково мебошад. Тамошо кардани сомонаи расмӣ, ҷадвали омаду парвоз барои шумо лозим нест, зеро барои интиқоли борҳо мо рейсҳои худро ташкил мекунем. Барои додани фармоиш, маълумоти зеринро пешниҳод бояд кард:

— хатсайр,

— санаи парвоз,

— намуд ва вазни бор,

— хоҳишҳо нисбати ташкили ҷараён,

— тамосҳо.

Вобаста ба ҳолати воқеъӣ ва хусусияти муросилотҳо менеҷери AVIAV TM (Cofrance SARL) вариантҳои иҷроиши фармоишро пешкаш менамояд. Ин рейси мунтазамӣ ё чартерии ширкати ҳавопаймоии одатӣ, интиқол тавассути ҳавопаймои боркаш, иҷораи киштии ҳавоии хусусӣ, фирист тариқи чархбол шуда метавонанд.

 

Интиқол тавассути ширкати ҳавопаймоӣ

 

Аз ҷиҳати нарх варианти аз ҳама дастрастарин – ин рейси одатие ба ҳисоб меравад, ки нуқтаи фиристаш фурудгоҳи Пулково мебошад. Сомонаи расмӣ имконият медиҳад, ки бо ҷадвал шинос шуда, дар бораи интиқоли борҳо бо ширкати ҳавопаймоӣ маслиҳат кунед ва ба созиш дароед. Бо ин AVIAV TM (Cofrance SARL) машғул мешавад, шарти ягона – ин расидани ҷой дар қитъаи боркаш мебошад.

 

Норасогии варианти мазкур аз нисбатан бепаноҳ будани муросилот ифода мешавад: онҳо дар реҷаи одатӣ бор гардида, фароварда мешаванд, ҳолатҳои қисман ё пурра харобшавӣ, гумшавӣ, дуздишавиашон ба вуҷуд меоянд ва, аз ин лиҳоз, суғуртаи амвол тавсия дода мешавад, ки ҷиҳати ин тадбир ҳуқуқшиноси AVIAV TM (Cofrance SARL) кӯмак мерасонад.

 

Боз як ҷиҳати манфии варианти мазкур аз он иборат мебошад, ки ташкилкунӣ вақти зиёдро талаб мекунад: дар баъзе самтҳо навбатҳо пайдо мегарданд ва худи ҷараён нисбат ба рейси хусусии бронкардашуда хеле дуру дароз кашола мешавад. Афзалияти ягонае, ки фурудгоҳи Пулково пешниҳод мекунад – ин назорати онлайни борҳо ҳисобида мешавад: кадом ширкати ҳавопаймоӣ интиқолро иҷро накарда бошад ҳам, мизоҷ доимо мушоҳида карда метавонад, ки ҷараён дар кадом давра қарор дорад.

AVIA Чартер - приложение для заказа джета

Хизматрасонии мушоиаткунанда

 

AVIAV TM (Cofrance SARL) интиқолкунандаи ҳавопаймоии боэътимодеро тавсия медиҳад, ки тарофаҳою шартҳои фоидаоварро пешкаш мекунад, ҷиҳати бастанӣ шартнома мусоидат менамояд ва барои давраҳои асосии интиқол масъулиятро бар зиммаи худ мегирад:

  • барориш аз хона, офис, амбор,
  • бастабандӣ, баркашӣ, тамғагузорӣ, суғуртакунӣ,
  • тартиб додани ҳуҷҷатҳои мушоиаткунанда,
  • трансфер ба фурудгоҳи «Санкт-Петербург – Пулково»,
  • проседураҳои гумрукӣ,
  • боркунӣ – борфурорӣ,
  • барпо додани шароити оптималӣ дар канор,
  • пешвоз дар нуқтаи таъиншуда,
  • интиқол то ба дари қабулкунанда.

Рейси индивидуалии боркашӣ

 

Чунин хизматрасониро AVIAV TM (Cofrance SARL) зимни фармоиши рейси хусусӣ низ пешниҳод менамояд. Дар ин сурат, мизоҷ барои интиқоли борҳо ҳавопаймои шакли заруриро ба иҷора мегирад. Амали мазкур дар бисёр ҳолатҳои зерин мақсаднок ҳисобида мешавад:

  • барои муросилоти таъҷилӣ ва махсусан таъҷилӣ,
  • вақте, ки бор арзиши калонро дорад (металлҳо, сангҳо, асарҳои санъат, нигораҳои осорхонаҳо),
  • барои миқдорҳои калони мол, махсусан агар дар бораи маҳсулоти тезвайроншаванда сухан равад,
  • барои ҳолатҳое, ки интиқоли ҳамроҳии мусофирон зарур шавад (кашондани бори 200, фиристи ҳайвонот ба намоишгоҳҳо, интиқоли металлҳои арзишнок бо муҳофизон, кашондани биомасолеҳ),
  • барои хатсайрҳои нодир ва ҳ.

 

Дар чунин ҳолатҳо зарур аст, ки ҳавопаймо ба иҷора гирифта, ҳамчунин, бастаи ҳуҷҷатҳои мушоиаткунанда тартиб дода шавад, ки онҳоро фурудгоҳи Пулково талаб мекунад. Ҳозиршавӣ ба бандари ҳавоӣ пешакӣ амалӣ карда мешавад, дар зимни ин бояд тазакур дод, ки дар сурати фирист тариқи рейси одатӣ, бор муддати як шабонарӯз интиқол дода мешавад, лекин барои парвози хусусӣ ду соат кифоя аст. Ҳуқуқшиносони AVIAV TM (Cofrance SARL) ҷиҳати он, ки ҳуҷҷатҳо дуруст тартиб дода шаванд ва проседураҳои гумрукӣ вақти зиёдро сарф накунанд, ташвиш мекашанд.

 

Шарики боэътимоди шумо – AVIAV TM (Кофранс SARL)

 

Статуси байнанмилалиро дошта, фурудгоҳи Пулково ҷиҳати ба ҳар гӯшаю канори ҷаҳон парвоз кардани ҳавопаймоҳо имконият медиҳад, бинобарин ҷуғрофии рейсҳои боркаш низ бо чизе маҳдуд карда нашудааст. Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) барои рейсҳо иҷозатҳоро мустақилона қабул менамояд, навъи оптималии ҷетро интихоб мекунад ва тамоми ҷараёни интиқолро ба таври «аз ибтидо то интиҳо» бар зиммаи худ мегирад.

 

Интиқоли таъҷилӣ муддати як шабонарӯз амалӣ карда мешавад ва агар хатсайр мураккаб набошад, он вақт бор ба дасти қабулкунанда аллакай чанд соат пас ворид мешавад. Барои муросилот ба ҷойҳои душворфатҳ AVIAV TM (Cofrance SARL) чархболҳоро ҷалб мекунад, ки ҳамчунин барои парвозҳо ба масофати кӯтоҳ истифода бурда мешаванд.

 

Мо барои интиқол ҳар намуди борҳоро қабул менамоем, минҷумла:

— зудшикан,

— хатарнок,

— калонҳаҷм,

— тезвайроншаванда,

— зинда (растаниҳо, ҳайвонот, биомасолеҳ),

— миқдорҳои кӯтараи молҳо ва муросилоти шахсӣ.

 

Ҳар як ҳолат ба таври индивидуалӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад ва муносибати махсусро талаб менамояд. Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) таъҷилӣ, дақиқӣ, шаффофияти молиявӣ ва бехатарии садфоизаи интиқолро кафолат медиҳад.