Маркази Авиатсияи Тиҷоратии Пулково — 3

Путешествия бизнес авиацией

Мизоҷони ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) ва авиатсияи тиҷоратӣ, ки дар Санкт-Петербург истиқомат мекунанд, медонанд, ки фурудгоҳи Пулково барои сайёҳони VIP терминали алоҳидаро дорад. Аз ин ҷо тавассути ҳавопаймои хусусӣ дар вақти қулай ва дар хатсайри интихобгардида парвоз карда мешавад, ки бо ин мақсад фармоишро тариқи интернет ё телефон додан мумкин.

Ин далел барои мизоҷони сарватманди статуси баланде, ки истифодабарии чунин хизматрасониро мартабаашон маҷбур менамояд, қулай мебошад. Терминали алоҳида имконият медиҳад, ки маҳфияти пурра нигоҳ дошта шавад ва онҳо бо рейсҳо ва мусофирони одатӣ ягон тарз рӯ ба рӯ намешаванд.

Ҷойгиршавии қулай – ҳамагӣ 15 километр дур аз маркази пойтахти шимолӣ – сабаби иловагӣ барои интихоб кардани фурудгоҳи «Пулково – Санкт Петербург» маҳсуб меёбад. Ҷадвали рейсҳои ширкатҳои ҳавопаймоии одатӣ нисбати парвозҳои хусусӣ ягон таъсир намерасонад, зеро ҷетҳои тиҷоратӣ аз хати худ ба сафар мебароянд ё ин ки бе навбат иҷозат дода мешаванд. То бандари ҳавоӣ тариқи шоҳроҳи алоҳидаи ҳукуматӣ, ки фақат барои мусофирони VIP кушода мебошад, расидан осон.

Дар  «Пулково-3» перрони худ қарор дорад, ки дар дохили он таваққуфгоҳҳои ҳавопаймоҳои хусусӣ мавқеъ гирифтаанд. Бинои алоҳидаи аэровокзал бо масоҳати тахминан чор ҳазор метри мураббаъ бо сатҳи баланди бароҳатӣ, тибқи статуси мизоҷон, хос мебошад.

Хизматрасонӣ барои сайёҳон

 

Инфросохтори инкишофёфта барои мусофирони VIP – боз як стимули иловагӣ барои ба сифати нуқтаи фирист интихоб кардани фурудгоҳи Пулково мебошад. Сомонаи расмии бандари ҳавоӣ ҳамаи афзалиятҳои маҷмаъаро инъикос намекунад. Дар ин ҷо барои сайёҳон тамоми лавозимотҳо ва шароитҳо муҳайё карда шудаанд:

  • бақайдгирии яклаҳзаӣ,
  • толорҳои боҳашамати интизорӣ бо манзараи олиҷаноб ба самти майдони парвозӣ,
  • нуқтаи назорати гумрукӣ,
  • қаҳвахона ва бари эксклюзивӣ,
  • интернети бесим,
  • мағозаи савдои бебоҷе, ки ҷолиби диққат аст,
  • утоқҳо барои мулоқотҳои корӣ ва машваратҳо бо шароити бароҳат,
  • сервис барои мусофирони ҳаракатаашон маҳдуд,
  • нуқтаи ёрии тиббӣ,
  • имконияти фармоиш додани ҳар хизматрасонии мушоиаткунанда аз AVIAV TM (Cofrance SARL).

Интерери манзилҳо бо тарзи муосири тиҷоратӣ эҷод карда шудааст, дизайн барои чашм форам аст ва ба сифати ороиши эксклюзивии аэровокзал ретро-лимузин гузошта шудааст.

AVIA Чартер - приложение для заказа джета

Менеҷменти киштиҳои ҳавоӣ

 

AVIAV TM (Cofrance SARL) на фақат бо иҷора, балки бо менеҷменти киштиҳои ҳавоӣ: ташкили парвозҳо, нигоҳдорӣ, ҳалу фасл намудани масъалаҳои ҳаррӯзаи истифодабарӣ, низ машғул мешавад. Фурудгоҳи «Санкт-Петербург – Пулково-3» дар ихтиёри худ перронеро дорад, ки масоҳаташ зиёда аз 50 ҳазор метри мураббаъ мебошад ва дар дохили он таваққуфгоҳ барои сӣ ҳавопаймо ҷойгир карда шудааст. Дар маҷмаъаи ангорӣ барои хизматрасонии техникӣ ва эстетикии ҷетҳои тиҷоратӣ тамоми опсияҳои зарурӣ вуҷуд доранд.

Дар «Пулково — 3» киштиҳои ҳавопаймоии миёнамагистралиеро, ки ба масофатҳои то шаш ҳазор километр парвоз мекунанд, ҷобаҷо кардан мумкин. Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL)  бар зиммаи худ гирифтани идораи садфоизаи ҳавопаймоҳоро омода мебошад ва ба соҳибмулкон гирифтани фоидаи иҷора ва аз ягон чиз ташвиш накашидан боқӣ мемонад.

Афзалиятҳои Пулково — 3 барои мусофирон

 

Инфросохтори муосир ва соз будани кори даста – инҳо ифтихори Пулково ба ҳисоб мераванд. Фурудгоҳ ҷузъҳои зеринро дорад:

  • хадамотҳои алоҳидаи диспетчерӣ,
  • сервиси таъминоти таъҷилии рӯизаминӣ,
  • нақлиёти махсусгардонидашуда,
  • хадамоти инкишофёфтаи бехатарӣ.

Сатҳи олитарини бехатарӣ – сабаби назарраси интихоби фурудгоҳи Пулково мебошад. Назорати онлайн-и ҳар як канор ба таври шабонарӯзӣ амалӣ карда мешавад, камераҳои мушоҳидавӣ дар хама ҷойҳо насб карда шудаанд. Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) тибқи хоҳиши мизоҷон ба онҳо муҳофизони шахсиро пешкаш менамояд, аммо, баъзе фармоишгарон бо посдорони хусусӣ меоянд.

Авиатсияи тиҷоратӣ имконият медиҳад, ки озодона ва мустақилона ба ҳар гӯшаю канори ҷаҳон саёҳат кунед. Агар шумо дар Санкт-Петербург истиқомат кунед, пас интихоби оптималӣ барои парвозҳои хусусӣ – ин фурудгоҳи Пулково маҳсуб меёбад. Ҷадвали рейсҳои ҷетҳои тиҷоратӣ дар ягон ҷо пахш карда намешавад, ки ба мизоҷон пурра махфӣ нигоҳ доштани хусусияти парвозро имконият медиҳад. Аз хатҳои муосири таҷдидгардидаи парвозу фурудоӣ ҳар рӯз ҳавопаймоҳои маъмурии дурмагистралӣ ба мисли Dassault Falcon 5X, Gulfstream – G 650 ER, Bombardier Global 7000 ва монанди онҳо, новобаста аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ – ба гӯшаю канори гуногуни сайёра парвоз мекунанд.

 

Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) ташкили пурраи рейсро ба ӯҳда гирифта, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки парвоз ба мизоҷон ҳузуру ҳаловати ниҳоиро бахшад. Авиатсияи тиҷоратӣ – ин ёридиҳандаи ивазнашавандаи сайёҳони статуси баланд аст, ки ҷиҳати ноил гаштан ба мувафақиятҳои нав дар тиҷорат, фаъолияти корӣ ва зиндагии шахсӣ мусоидат менамояд.