Интиқоли ҳавопаймоии тиббӣ аз фурудгоҳи Пулково

Путешествия бизнес авиацией

Интиқоли ҳавопаймоии санитарӣ дар Россия то бора зиёд машҳур мегардад ва дар аксари вақт ба сифати нуқтаи фирист фурудгоҳи «Пулково – Санкт-Петербург» истифода бурда мешавад. Ҷадвали рейсҳо барои намуди мазкури парвозҳо ба таври индивидуалӣ тартиб дода мешавад ва парвозҳои таъҷилӣ, бошанд, якбора пас аз даъват иҷро карда мешаванд.

Даъвати таъҷилии киштии ҳавоии санитарӣ

 

Ҳавопаймо ё чархболи санитариро ҳар ташкилот ё ҳар шахси инфиродӣ ба ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) муроҷиат карда, фармоиш дода метавонад. Ин хизматрасонии пулакӣ мебошад, аммо баъзан маблағи онро тариқи суғуртаи тиббӣ талоф кардан мумкин. Ҷиҳати брон кардани киштии ҳавоӣ барои интиқоли бемор, шуморо зарур аст ба оператор ё дар сомонаи мазкур маълумоти зеринро пешкаш намоед:

  • нуқтаи фирист: фурудгоҳи «Пулково». Омад – нуқтаи таъиншуда (фурудгоҳро интихоб намоед),
  • сана ва вақти рейс,
  • ҳолати бемор ва ташхиси ӯ,
  • хоҳишҳо нисбати парвоз,
  • маълумот дар бораи шахсони мушоиаткунанда,
  • тамосҳо барои робита.

Даъвати таъҷилии чархбол беҳтар аст, ки тариқи телефон амалӣ карда шавад, зеро дар чунин ҳолат киштии ҳавоӣ ба ҷои садама ё маҳали офати табиӣ бетаъхир парвоз мекунад ва зарардидагонро фавран бароварда интиқол медиҳад.

Ташкили рейси тиббӣ

 

Дар ҳар ҳолат менеҷери AVIAV TM (Cofrance SARL) фармоишро ботезӣ коркард намуда, парвозро «аз ибтидо то интиҳо» ташкил мекунад. Ин амал он маъноеро дорад, ки ба шумо на фақат киштии ҳавоиро пешкаш менамоянд, балки интиқолро ба таври «аз кат то кат» амалӣ мегардонанд. Хизматрасонии мазкур дар он вақт талабот дорад, ки касали бистарӣ, мизоҷ бо ташхиси вазнин, зарардида бо хунравии шадид ё шикастҳо бояд интиқол дода шаванд.

 

Реанимобиле, ки аз ҷониби ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) пешкаш карда мешавад, мизоҷро ба фурудгоҳи Пулково интиқол медиҳад. Сомонаи расмии бандари ҳавопаймоӣ дар бораи рейсҳои хусусӣ маълумот намедиҳад, ғайр аз ин интиқоли ҳавопаймоии тиббӣ дар аксари вақт аз терминали алоҳида амалӣ карда мешавад, аз ин сабаб маҳфиятдории садфоиза – кафолат дода мешавад.

 

Зимни парвоз беморро духтури реаниматолог мушоиат мекунад, ки кӯмаки тиббиро мерасонад, ва фелдшер, ки нисбати бемор ғамхорӣ менамояд. Тибқи хоҳиши фармоишкунанда, AVIAV TM (Cofrance SARL) ба канор духтури ихтисоси дигареро, ки барои ҳар ҳолати конкретӣ талабот дорад, даъват менамояд: дилшинос, асабшинос, пулмонолог ва ҳ. Дар канор ҳамшираи тиббӣ, санитар ва хешовандони мусофир низ қарор дошта метавонанд.

 

Терминали алоҳида барои рейсҳои хусусӣ дар фурудгоҳи «Санкт-Петербург – Пулково» имконият медиҳад, ки муддати дақиқаҳои башумор аз ҳама расмиятҳо гузашта, беморро якбора ба канори ҳавопаймо савор кунанд ва бетаъхир парвозро оғоз намоянд. Дар баъзе ҳолатҳо, реанимобил ба канори киштии ҳавопаймоии боркаш ворид мешавад, то ки касалро озор нагардад, ва дар нуқтаи омад бетаъхир ба беморхона ҳаракарт мекунад.

 

AVIA Чартер - приложение для заказа джета

AVIA Чартер – замима барои фармоиши ҷет

Дар ҳолатҳои боқимонда касалро аз реанимобил ба канори киштӣ дастаи санитарон гузаронида, ба болои кати тиббие воқеъ дар дохили нишеман, бистарӣ мекунанд. Агар ба мизоҷ ҷунбидан иҷозат дода нашавад, ӯро тариқи тасмаҳо мебанданд. Дар вуҷуди зарурият духтур дастгоҳи махсуси таъминкунандаи ҳаёти зарардидаро якбора пайваст менамояд.

 

Пулково – фурудгоҳе мебошад, ки аз он рейсҳои санитарӣ дар навбати аввал парвоз мекунанд ва дар сурати ҷобаҷо шудани мизоҷ, ҳатто, пеш аз вақти муқарраршуда низ ҳаракат карда метавонанд. Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) ҷиҳати он, ки ҳавопаймо аз ҳама санҷишҳои зарурии техникӣ гузарад ва экипажи баландихтисос барои парвоз омода бошад, корбарӣ ва чораандешӣ менамояд.

 

Интихоби клиника

 

Ҷуғрофии парвозҳо воқеъан бемаҳдуд мебошад: фурудгоҳи Пулково, ки ҷадвалии рейсҳояш зиёда аз сад самтҳоро дарбар мегирад, фиристодани ҳавопайморо ҳам ба шаҳри наздиктарин, ҳам ба дигар континент омодааст. Аз баски имрӯз аксаран клиникаҳои хориҷӣ муолиҷаи босифати касалиҳои нодиру мураккабро пешкаш мекунанд, аҷиб нест, ки мизоҷон ҷетҳои тиббиро ба самти берун аз марз фармоиш медиҳанд.

 

Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) дар вуҷуди зарурият омода аст, ки чунин клиникаро дар Аврупо, Америкаи Шимолӣ ё Осие тавсия диҳад, ки доир ба бемории зарурӣ тахассус дода шудааст ва таҷрибаи калони муборизаро бар зидди он дорад. Ҳуқуқшиносони корозмуда барои бастани шартномаи хизматрасонӣ, омӯхтани тафсилотҳою нозукиҳои қонунгузории кишвари бегона, ҳалу фасл намудани масъалаҳои дигари ташкилӣ мусоидат менамояд, то ки мизоҷ худро дилпурона эҳсос карда тавонад.

 

Боз як хизматрасонии машҳур – ин интихоби клиника барои таваллуд дар дигар шаҳр ё дигар кишвар мебошад. Модарони оянда дар аксари вақт хоҳиш мекунанд, ки кӯдакашон дар госпитали аврупоӣ дар наздикии осоишгоҳи баҳрӣ ба дунё ояд ва дар баъзе ҳолатҳо, кӯшиш мекунанд, ки тифлак ҷиҳати гирифтани шаҳрвандии дигар кишвар имконият пайдо карда бошад.

 

Бо ин мақсад, аз иҷораи ҳавопаймои хусусӣ ва ҳозиршавӣ ба фурудгоҳи Пулково сар карда ёрии коршиносон низ зарур мегардад. Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) тайёр аст, ки «тури таваллуд»-ро ба ҳар кишвари ҷаҳон ташкил кунад ва гузаронидани онро мусоидат намояд. Аз баски дар давраҳои дери ҳомилагӣ воридшавии занҳо ба дохили канор аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоӣ иҷозат дода намешавад, барои онҳо ҷети санитарӣ бо мушоиати духтуре, ки нисбати модари оянда ва тифлак ғамхорӣ мекунад, – ин варианти ягона маҳсуб меёбад.

 

Барои ҳаёт ва саломатӣ ҷиддан мубориза бурдан лозим. Тибби муосир мӯъҷиза нишон дода метавонад, асосаш клиникаро дуруст интихоб намуда, ба духтурони таҷрибадор боварӣ кунед. Ташкили саёҳат барои бемори вазнин кори душвор аст, лекин дар ин ҷода мутахассисони AVIAV TM (Cofrance SARL), ки чунин хизматрасониро зиёда аз даҳ сол боз пешниҳод менамоянд, расонидани кӯмакро доимо омодаанд. Дархостро дар сомона гузоред ё тариқи телефон занг занед: маркази байналмилалии авиатсияи санитарӣ мунтазам дар алоқа қарор дорад.